Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд

130

28-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд низ дар фазои идона таҷлил намуданд. Сардори Шуъбаи мазкур полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Полвон чорабиниро ифтитоҳ намуда, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, талошу ҷонбозӣ ва саҳму қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ёдовар шуд. Ҳамчунин вобаста ба фаъолияти милитсияи тоҷик дар тадбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ибрози андеша намуд.
Сипас, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода номаи табрикии Раиси шаҳри Хуҷандро қироат намуда, ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Хуҷандро ба ин санаи таърихӣ таҳният гуфт. Аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба ҳомиёни назму тартибот Сипоснома тақдим ва ба ҳар яки онҳо дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ муваффақият таманно карда шуд.

131132133134

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ва шаҳри Хуҷанд як қатор фармонҳо оиди қадршиносии меҳнати шабонарӯзии кормандони милитсия ба имзо расида буд, ки дар рафти чорабинӣ қироат ва дар вазъияти тантанавӣ кормандони мақомот соҳиби медалу орден, рутбаҳои навбатӣ ва Сипосномаву туҳфаҳои молӣ гардиданд.
Ҷорабинии тантанавӣ бо намоиши барномаи фарҳангӣ хотима ёфт.
Акбар Шарифӣ, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика