Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Роғун» - манбаи нур

135

Санаи 9-уми сентябр чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба баъд агар барои ҳар як тоҷикистонӣ санаи муътабару таърихист, дар соли равон ин сана боз бо рӯйдоди дилпазиру рӯҳафзои худ - ба кор даромадани агрегати 2-юми НБО Роғун санаи гиромӣ гардид.

Чун анъана маросими ба истифодадиҳӣ ва вусъати иншооти аср ба таври мустақим тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар толори калони Раёсат сарҷамъ гардида, шоҳиди ин рӯйдоди дар тадбиқи ҳадафи чоруми мамлакат заминагузоранда гардиданд. Яқин аст, ки бо ба кор даромадани боз як агрегати НБО Роғун имконияти иқтисодиву истеҳсолӣ дар Тоҷикистон бештар гардида, ҳадафи навбатӣ яъне саноатикунонии босуръати кишвар таъмин карда хоҳад шуд.
Ин рӯйдоди фараҳбахш, ки ба ҷомеаи Тоҷикистон равшанӣ оварда, сатҳи некуаҳволии мардумро бамаротиб боло мебарад, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро хело рӯҳбаланд намуд.

136137

Мавриди қайд аст, ки ин рӯйдоди хотирмонро тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар тамоми манотиқи кишвар тавассути оинаи нилгун тамошо намуда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият болидарӯҳ ва хушнуд гардиданд.
Акбар Шарифӣ
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика