Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва мусофири 19-сола дар натиҷаи чаппа шудани автомашина

Рӯзи 10-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чакман”, Худойдодов Нозимшо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ” дар ҳудуди деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, онро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда Худойдодов Н.Ҳ. ва мусофири автомашинаи мазкур Бачабеков Хушбахт Давлатбекович, соли таваллудаш 2000, сокини деҳаи Барвани ноҳияи Ванҷ ба дарёи Панҷ ғарқ шудаанд.
Барои дарёфт намудани ҷасади шаҳрвандон Худойдодов Н.Ҳ. ва Бачабеков Х.Д. ҷустуҷӯ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика