Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъват аз донишҷӯён барои пешгирии амалҳои номатлуб

Screenshot 20191007-144535Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе», ки тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳ вохӯрии судманд гузарониданд. Бояд гуфт, баргузории ин гуна чорабиниҳо, ки дар асоси Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд, ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсири мусбат мерасонад. 

Аз ҷумла, зимни ин вохӯрӣ сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор аз корҳои баанҷомрасонида дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифта истодаанд, изҳори назар намуд. Тавре ӯ зикр намуд, дар доираи ин ташаббуси наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, хусусан дар пойтахти мамлакатамон шаҳри зебоманзари Душанбе корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, барои тамоми сокинон, алалхусус барои наврасону ҷавонон ва донишҷӯён шароитҳои беҳтарини таҳсилу хизмат ва фаъолият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин замина дар ҳудуди пойтахт даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки иқдоми мазкур дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ноболиғону ҷавонон нақши калон дорад.
Screenshot 20191007-144636Ҳамчунин, дар суҳбат бо устодону донишҷӯёни литсейи мазкур масъулини ин Хадамоти ВКД оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки қонуни мазкур падару модарро вазифадор менамояд, ки нисбати саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми волидон, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд.
Дар идомаи ин вохӯрӣ, инчунин оид ба хатарҳои муосир, таҳдиди терроризму экстремизм ба ҳаёти одамон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар зуҳуроти манфии ҷомеа андешарониҳо сурат гирифта, аз тамоми иштирокчиёни ҷамъомади мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як кадом бояд дар пешгирии ин гуна вабоҳои замон саҳмгузорӣ намоянд.
Дар навбати худ, дар мулоқот бо кормандони ХПҲНҶ ВКД масъулини Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» зикр намуданд, ки баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ боиси дастгирӣ буда, чунин тадбирандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Дар интиҳои вохӯрии мазкур, сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия А.Фаттозода барои сатҳи хуби ҳамкориҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вазъияти тантанавӣ ба директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» Рухшона Давлатшоева медали «Барои ҳамкорӣ» тақдим намуд.
Абдулло ШОҲИЁН, Дилшод ХОЛОВ, кормандони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика