Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия дар Академияи ВКД

577

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти милитсияи тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз ниҳодҳои бонуфузи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд табдил ёфта, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мубориза бо тамоми намудҳои ҷинояткорӣ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баҳои мусбӣ гирифтааст. Чун анъана бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 10 ноябр ҳамчун Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Вобаста ба ин санаи муҳим рӯзи 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва курсантон баргузор гардид. Чорабинии мазкурро сардори Академия кушода иброз намуд, ки милитсияи тоҷик дар тули фаъолияташ ҳамавақт ба давлату миллат содиқ буда, пайваста барои амну суботи ҷомеа ҷонфидоӣ намудааст. Милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза зидди ҷинояткорӣ қарор дорад.
Сипас қироати фармонҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мукофот ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо ба нафақахӯрон ва фаъолони Академия сурат гирифт.

578579

Дар қисмати дуюми ҷамъомад, дастаи ҳунармандони Академияи ВКД, ки аксаран аз ҳисоби курсантону шунавандагон таъсис дода шудааст ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик пешкаш гардид, ки саршори тараннуми муҳаббати бепоён ба Ватан ва арзишҳои миллӣ буд.
Чорабинии мазкур дар фазои идона баргузор гардида, дер боз дар хотири иштирокчиёни он нақш баст.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика