Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД

265

Бо мақсади соҳибкасб намудан, дар замири насли ҷавон бедор намудани худшиносии миллӣ, аз худ кардани ҳунарҳои асили миллӣ бо ҷалби устоҳои моҳир дар соҳаи кандакорӣ, дуредгарӣ, таъмиргарони муҳаррикҳои нақлиётҳо, кафшергарӣ, сохтмончӣ дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД марказҳои ҳунаромӯзӣ барои сарбозон фаъолият дорад. Барои соҳибихтисос гардонидани наваскарону сарбозон ВКД намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ба қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ҷалб намуда, мутахассисони моҳир аз таҷрибаи ғании ҳунардории худ ба сарбозон ҳунарҳои гуногун меомӯзонанд. Чунин тарзи кор агар аз як тараф ба соҳибкасб ва ҳунарманд гардидани сарбозон мусоидат кунад, аз тарафи дигар ба амалӣ гардидани «Солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» манфиатовар аст. 

266267

Дар коргоҳи кандакорӣ ва ё худ наққошӣ дар чӯб дар қисми ҳарбии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД шумораи зиёди сарбозон ин ҳунари асили миллиро аз устодони ин санъати дуредгарӣ аз худ намуда, фараҳманданд, ки дар раванди қарзи фарзандии худ ба Ватан инчунин соҳибҳунар мегарданд.
Дар парки автомобилии қисми ҳарбии мазкур он техникаҳое, ки мансуб ба хизмати афсарону сарбозонанд таъмир намудани нақлиётҳои гуногунтамға, ба хусус муҳаррикҳои онҳоро худи сарбозон анҷом дода, бо боварӣ ба устои моҳир будани онҳо метавон сухан кард.
Чуноне, қайд гардид ба роҳ мондани омӯзиши ҳар гуна касбу ҳунарҳо дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ба ободии ҳудуди шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва пешрафти хизмати сарбозон мусоидат мекунад.
Бешубҳа сарбозон бо эътимоди хос бо асбобҳои барқии гуногуни кафшергарию бурранда метавонанд ҳамагуна амалҳоро мустақилона ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Кафшергарӣ, ки касби нозук аст ва маҳорати хосса, эҳтиёткорию санъати баланди васлсозии оҳанро талаб кунад ҳам, хушбахтона сарбозон дар муддати кутоҳ тавонистаанд ин ҳунарро низ аз худ кунанд.
Бо ифтихор метавон ёдрас кард, ки имрӯз бо дастгириҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД дорои беҳтарин шароитҳои хизмат ва намунавӣ буда, бо қувваи кории худи сарбозон боғҳои мевадиҳанда бунёд гардида, хоҷагиҳои ёрирасон фаъолияти назаррас дошта, сарбозон аз сабзавотҳое чун: бодирингу помидор, караму боимҷон, каду, картошкаю пиёз, ки маҳсули заҳмати худи онҳост дар амборҳои махсус нигоҳдорӣ намуда, аз ғизои солим баҳраманданд. Ҳатто дар фасли сармо гармхонаи парвариши сабзавот фаъолият дорад. Дар гармхонаи мазкур парвариши кучатҳои сабзавотҳои гуногун ба роҳ монда шуда, сарбозон айни замон аз пиёзи сабз, кашничу укроби дастпарваридаи худ истеъмол доранд.
Албатта, ташкили чунин хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ дар таркиби қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД, ки бевосита бо ҷалби сарбозон корҳои кишоварзӣ анҷом дода мешаванд, масрафҳои иқтисодиро пешгирӣ карда, бо чунин шуғли самаровари худ сарбозон пайваста сабзавотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеъмол менамоянд.

268269270

Инчунин, бо мақсади таъмини ғизои солим роҳбарияти ВКД дар назди қисми ҳарбии 3502 фермаи чорвои калони шохдорро ташкил карда, дар фермаи мазкур говҳои хушзоти ширдеҳ аз давлати Шветсария дастрас карда шуда, нигоҳубини онҳоро низ сарбозон ба уҳда доранд. Дар қатори дигар хурокҳои ғизодиҳандаи иловагӣ хошоки дурушти чорвои калони ширдеҳ низ аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасони Қӯшунҳои дохилии ВКД таъмин ва захира карда шуда, нигоҳубин ва парвариши чорво дар шароити хуби санитарию экологӣ қарор дорад.
Ҳангоми шиносоӣ аз рафти хизмат ва шароити зисти сарбозон дар қисми ҳарбии 5453 Қӯшунҳои дохилии ВКД шоҳиди чорабинии фараҳбахше шудем. Шумораи зиёди сарбозон пас аз омӯзиши курси ҳунарҳои ошпазӣ, сартарошӣ ва сохтмончӣ соҳиби шаҳодатномаи махсус гардида, бо қаноату хушҳолӣ изҳори сипос мекарданд.
Он насле, ки имрӯз синнашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст набояд фаромӯш созанд, ки хизмати ҳарбӣ қарзи виҷдону имон ва ҳимояи Модар-Ватан буда, ба камол расидани шахс ва ба танумандию соҳибкасб шудани ҷавонон мусоидат мекунад.
Пас биёед, бо садоқату дарки баланди ватандорӣ бо кору амали шоистаи худ зодгоҳу диёр, муқаддасоти давлат ва соҳибистиқлолии худро азиз дониста аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ кишварро ҳифз созем!
Нусратулло Маҳмадзода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика