Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оқибатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 30-юми ноябри соли 2019, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Саидов Иқбол Рамазонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Данғара-Темурмалик, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа кардааст. 

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Кенҷаева Садбарг Сафаровна, соли таваллудаш 1967, сокини н.Темурмалик, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофири дигар Холова Олия Гуловна, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рӯзи 30-юми ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Артиқов Меҳроҷ Қурбонович, соли таваллудаш 1993, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Деҳқони ноҳияи Шаҳритуз, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадов Раҷабалӣ Абдушукурович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Маҳмадов Р.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофирони дигари дохили автомашина: Буриев Зуҳуршо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1997 ва Нодиров Саймурод Кузиевич, соли таваллудаш 1957, сокинони деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритуз, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика