Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ

IMG 7985

Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгириии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд назорати маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷандро ба уҳда доранд. Нимаи дуюми рӯзи 11-уми январ бо мақсади боз ҳам устувортар гардонидани робита ва сифатнокии фаъолият, вохӯрии машваратии сардори хадамоти мазкур полковники милитсия Рустамзода Муъмин Дадоҷон бо раисони биноҳои минтақаи вобастагардида доир гашт. Пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, аз ҷумла таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тартиби ба иҷора додани манзилҳои истиқоматӣ, бақайдгирӣ дар манзили муваққатӣ, коргузорӣ бо иҷоранишинҳо ва дар ин самт ҳамкорӣ бо милитсия дар мулоқот матраҳ гардид.
Ҳамчунин таклифу пешниҳоди иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар хотима раисони биноҳо барои мусоидат намудан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамкории судманд бо милитсия бо туҳфаҳо ҳавасманд карда шуданд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика