Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устувории ҳамкорӣ бо ҷомеа дар доираи ислоҳоти милитсия

413

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, дар доираи раванди амалишавии ислоҳоти милитсия вохӯрии ҳамоҳангсозон, таҳти унвони «Устувории ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Дар ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, роҳбари намояндагии Ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирад Каргасов, нозирони минтақавӣ ва раисону аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода оғоз намуда, зикр кард, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои дохилӣ ба дастоварду пешравиҳои назаррас ноил шудааст. Дар ин асно, имрӯз дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Барномаи ислоҳоти милитсия амалӣ шуда истодааст.

412

- Бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва саъю кӯшишҳои шабонарӯзии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кулли ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба таври муосир таъмиру таҷдид ва даҳҳо биноҳои нави маъмурӣ барои кормандон сохта ба истифода дода шуда, бо лавозимоти корбарӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, дар баробари ин, дар доираи амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия тамоми минтақаҳои маъмурии нозирони минтақавӣ таъмир ва дар саросари ҷумҳурӣ даҳҳо бинои нав барои нозирони минтақавию Шӯроҳои ҷамъиятӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки имрӯз ин Шӯроҳои ҷамъиятӣ фаъолияти самаранок доранд, - афзуд ӯ.
Инчунин, дар навбати худ, муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода аз фаъолияти назарраси Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе нисбати пешбурди фаъолияти Шӯроҳои мазкур суханронӣ намуда, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва бештар воқиф гардонидани шаҳрвандон аз раванди ислоҳоти милитсия, саҳми онҳо дар амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия ибрози андеша намуд.
Дар идомаи чорабинӣ раисон ва аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзодаю Ваҳдат ва дигар ноҳияҳои тобеи марказ аз натиҷаи фаъолияти соли сипаришудаи Шӯроҳо баромад намуданд.
Зимни баромадҳои худ раисон ва аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба корҳои баанҷомрасонидаашон дар соли 2019, аз қабили гузаронидани мизҳои мудаввар, чорабиниву вохӯриҳо бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳраку ҷамоатҳо, маҳаллаву деҳот оид ба раванди ислоҳоти милитсия, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешгирии муноқишаҳои наврасону ҷавонон, бартараф намудани камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ маълумот доданд.

414

Дар интиҳои вохӯрӣ барои боз ҳам хубтару самарабахш роҳандозӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар соли равон таклифу пешниҳодҳо баён гардид.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика