Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Китобхона дар ШВКД шаҳри Ваҳдат

424

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд.
Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобхониву китобдорӣ ва сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад.
Пайваста аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.
Ҳафтаи равон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани донишу маърифат ва завқи китобхонии шаҳрвандон дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Китобхона дари худро ба рӯи дӯсторони китоб боз намуд.
Китобхона бо ташаббуси роҳбарияти ШВКД дар бинои шуъбаи мазкур таъсис ёфта, дар он зиёда аз як ҳазору панҷсад китобҳои илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, таърихӣ, журналу маҷаллаҳо ва дигар дастуру барномаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд.
Зимни боздид ва шиносоӣ аз Китобхонаи мазкур меҳмонон ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аз шароити муҳаёгардида дар Китобхона ва толори он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

425426

Сардори Шуъбаи мазкур ба масъулин дастур дод, ки барои ҷалби кормандон, махсусан насли ҷавони милитсия ва бедор намудани завқи бадеӣ ва эстетикии онҳо ҳар гуна озмуну маҳфилҳоро роҳандозӣ намоянд.
Мусаллам аст, ки Китобхона макони илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ба кормандони милитсия имкон медиҳад, ки барои дарёфти иттилоот аз он пурсамар истифода намоянд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Ҳакимҷон Назарзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика