Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зебову хуррам гардонидани муҳити зист вазифаи ҳар як шаҳрванд аст!

716

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, дар ВКД барои дар амал тадбиқ намудани чунин ташаббусҳои Роҳбари давлат пайваста чорабиниҳои мақсаднок баргузор мегардад. Ҳайати шасхии ВКД ҷиҳати ободонӣ ва зебову хуррам гардидани муҳити зист ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 

717718719

Имрӯз (20.02.с.2020), бо ташаббуси роҳбарияти ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атроф, аз ҳар гуна партовҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Вазорат ва дигар Раёсату шуъбаҳои он шанбегӣ доир карда шуд. 

Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо руҳияи баланди ватандӯстона дар саҳни ВКД ва атрофи он ба гуруҳҳо тақсим гашта, атрофи Вазоратро аз ҳар гуна ашёҳои нодаркор тоза намуда, заминҳои атрофро нарм намуданд. Ҳамчунин барои зебо ва дилкаш гардидан дар саҳни ВКД ва дар гирду атрофи таваққуфгоҳи Вазорат ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.
Чунин ободкориҳо агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳири пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро тоза менамод.

720721722

Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аст, ки ҷиҳати ободу дилкаш ва сабзу хуррам гардидани кишварамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода

Муродали Саидзода.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика