Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсияи пойтахт Рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

734

Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон ба шумор рафта, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти кишвари азизамон маҳсуб меёбад, - иброз дошт Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генрал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ.

735736

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ нахуст табрикоти Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси шаҳри Душанберо ба ҳайати шахсии милитсияи пойтахт расонида, иброз дошт, ки дар тули солҳои таъсисёбии худ Артиши миллӣ ба як нерӯи бузурги қудратӣ табдил ёфта, имрӯз бо сарбаландӣ аз уҳдаи таъмини тартибот дар кишвар мебароянд. Дар тули ин солҳо саҳми кормандони шуҷоъ ва далерони Ватан дар таҳкими амнияти сартосарӣ ва бунёди давлати Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин мебошад.
Дар тули 27-соли фаъолияти худ афсарону сарбозони он тавонистанд вазифаи муқаддаси худро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву хизматҳои шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди касбии хеш амнияти давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқололият ва дахлнопазирии марзу буми кишварро сарбаландона таъмин намоянд.
Мавриди зикр аст, ки маҳз ба хотири пос доштани хидматҳои мардони барӯманди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуруъ аз соли 1993 то ин ҷониб ҳар сол 23-юми феврал дар сартосари кишвар ҳамчун «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз бо дастгириҳои давлату Ҳукумат ниҳодҳои қудратии кишвар бо тамоми лавозимоти хизматию маишӣ таъмин буда, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши кормандон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад.
Тавре дар ҷаласаи мазкур иброз гардид, маҳз бо фаъолияти хастанопазири шабонарӯзӣ, донишу малакаи баланди касбӣ ва бо ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ, метавон якпорчагии ин марзу бумро ҳифз намуд.

737739739741742

Дар ин раванд, кормандони милитсияи пойтахт, ки ҷузъи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва осоиштагии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд. Маҳз фаъолият хастанопазир ва ҷоннисориҳои родмардони ин ниҳоди қудратист, ки имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе фазои амну тартибот ҷорист.
Вобаста ба ин аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилию Раёсати он дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти саҳми арзандаи кормандони милитсия ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пайваста қадрдонӣ мегарданд. Аз ҷумла дар қисмати дигари чорабинии тантанавии мазкур низ зиёда аз 50-нафар кормандону собиқадорони мақомоти милитсияи пойтахт, бо медал ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия,
Сардори Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика