Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии ашёҳои гуногун аз дохили корхонаи хиштбарорӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 18-уми марти соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи хиштбарориаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиев, ворид гардида, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, 1-адад хотираи камераи мушоҳидавӣ (база), 1-адад трансформатор, 1-адад “Шуруповёрт” ва 1-адад дивидии тамғаи “ТС ДВД”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 570-сомониро ташкил медиҳад.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика