Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмак ба фариштагони наҷот

813

814Рӯзи 20-май аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳри Хуҷанд ба ҳайати шахсии Шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд кӯмаки моддӣ дар намуди маҳсулоти ниёзи аввал расонида шуд. 19 нафар табибон, ҳамшира ва кормандони бахши техникию беҳдоштӣ аз кӯмаки мазкур бархурдор шуданд. Кӯмаки расонида шуда аз маводи озуқавории орд, равған, биринҷ иборат аст.

Саховатпешагон бо назардошти хизмати шабонарӯзии табибон дар ҳифзи саломатии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳолии гирду атрофи дармонгоҳ чунин иқдом кардаанд. Ҳарчанд дар дармонгоҳи мазкур бемории сироятии коронавирусро табобат накунанд ҳам, аҳолӣ аз маслиҳату хизматрасониҳои тиббии зиддисироятёбӣ ба вирус ҳамарӯза бархӯрдоранд.
Қобили қайд аст, ки баъди ба қайд гирифта шудани бемории сироятии «Covid-19» дар қаламрави Тоҷикистон бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро духтурони дармонгоҳ ба хизматрасонии тиббии шабонарӯзӣ гузашта, дар баробари ташхису табобати кормандони милитсия ба аҳолӣ низ хизмат расонида маслиҳати тиббӣ медиҳанд.
Қадр намудани заҳмати табибони мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи нафарони саховатпеша аз ҳолати хуби хизматрасонии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Таваҷҷуҳи ҷомеа кормандони шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ба иҷрои рисолати касбӣ масъултар мегардонад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика