Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 21-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдуллоев Раҳматулло Қаландарович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Боғи-Мирии ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Лолагӣ, ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти ҳаракати худ бо автомашинаи тамғаи “Шагман”, таҳти идораи Ҷобиров Шералӣ Гулович, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Д.Алии ҳамин ноҳия, ки дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. 

Мутаассифона дар натиҷаи ин бархӯрд мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Қаландаров Шукрулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1996, Амирзода Марям, соли таваллудаш 2014, Саидова Зебуниссо Буриевна, соли таваллудаш 1964, Қаландаров Ҷумъахон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокинони ҷамоати деҳоти Боғи-Мирӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи мазкур Абдуллоев Р.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика