Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Касбомӯзӣ дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар ВМКБ

1819

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби масъулин чораҳои муассир андешида мешавад. 

Бо ибтикори роҳбарияти РВКД дар ВМКБ дар ҳамдастӣ бо муассисаи давлатии касбомӯзии Литсейи техникии ноҳияи Шуғнон курси семоҳаи бозомӯзӣ роҳандозӣ гардид. Дар омӯзиш, бо иқдоми роҳбарияти ротаи сеюми Воҳидҳои таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон идома ёфт, 45 нафар сарбоз дар курсҳои барқчӣ, кафшергари газию барқӣ, сохтмончӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ ба таҳсил ҷалб гардиданд.
Ба сарбозон давоми се моҳ устодони донистакору соҳибкасби Литсейи техникии ноҳияи Шуғнони ВМКБ нозукиҳои касбҳои мазкурро ба таври амалӣ омӯзониданд, ки онҳо минбаъд дар қисмхои низомӣ аз рӯи ихтисосҳои худ хизмати содиқона хоҳанд кард. Ҷавононе, ки дар зиндагӣ шуғли доимӣ надоранду ҳангоми хизмати Модар-Ватан дар чунин омӯзишҳо ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванду соҳиби шуғли доимӣ мегарданд, яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат дониста мешавад. Зеро баъди адои хизмати ҳарбӣ сарбозони таҳсилкарда метавонанд аз рӯи ихтисоси омӯхтаи худ дар дилхоҳ ҷой кору фаъолият намуда, рӯзгори хешро аз касби интихобнамудаи худ пеш баранд. Баъди хатми бо муваффақонаи курси омӯзишӣ дар бинои РВКД дар ВМКБ маросими супоридани шаҳодатномаи малакаи касбӣ ба сарбозон доир гардид.
Дар ҷаласа сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод сарбозонеро, ки аз курси омӯзишӣ бо сарбаландӣ гузаштанд, сидқан муборакбод намуд. Таъкид дошт, ки ташкили чунин омӯзишҳо барои сарбозон зарур мебошад, ки ин ташаббус дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат бобати соҳибкасб шудани ҷавонони бешуғл мусоидат мекунад.

18201821

Дар чорабинӣ сардори Раёсат барои фароҳам овардани шароити арзанда барои таҳсили сарбозон ба роҳбарият ва устодони Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнони ВМКБ миннатдории роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён кард ва ба 45 нафар хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи малакаи касбӣ ба ҳар кадоми онҳо супорида шуд. Ҳамчунин ба омӯзгорони номбурда, ки дар омода намудани ҷавонон саҳми арзишманд гузоштанд, тӯҳфаҳои пулӣ низ тақдим гардид.
Роҳандозии чунин курсҳои бозомӯзӣ барои соҳибкасб намудани сарбозони қисмҳои низомӣ аз манфиат холӣ набуда, онҳо метавонанд, аз рӯи касби омӯхтаашон дар зиндагӣ комёб бошанд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия
Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика