Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Баргузории семинар-машварат

1358

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи "Вазъи риояи қонуният ва интизоми хизматӣ дар байни ҳайати шахсии РВКД ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон" семинар-машварат доир гардид.
Дар семинар-машварат роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи Раёсати мазкур, намояндагони Раёсати аминияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи вилоят, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сардорону кормандони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии вилояти мазкур ширкат намуданд.
Кори семинар-машваратро муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло оғоз намуда, ба меҳмонон ва ҳозирин барои иштирокашон дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки семинар-машварати имрӯза саривақтиву муфид буда, баромади мутахассисони даъватгардида барои боз ҳам самаранок гардидани самти фаъолияти бо онҳо алоқаманд ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба манфиату пешрафти кор мебошад.
Маърӯзачиён дар мавзӯъҳои «Сабабу омилҳои содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он», «Сабабу омилҳои қонунвайронкуниҳо дар байни кормандон» ва «Нақши созмонҳо, шӯроҳои ҷамъиятӣ, комиссияҳои доимоамалкунанда ва судҳои шараф дар тарбияи ҳайати шахсӣ», баромад намуда, байни иштирокдорон ибрози назар сурат гирифт.

13591366136713601361

Инчунин дар рафти семинар-машварат мавзӯъҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти милитсия, принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, муошират, рафтори кормандони милитсия, қоидаи муносибат бо ҷабрдидагон ва дигар мавзӯъҳо мавриди таваҷҷӯҳи ҳозирин қарор дода шуд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика