Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту мубодилаи афкор бо намояндагони давлатҳои аъзои «Интерпол»

0-02-04-d82ba7318cc4e84e3cb1b8c1af669e2cada96d9f8a027ccfb9cf3a374dc5eb9a 19a306a40100ddbf

Рӯзи 24 ноябри соли 2021 дар доираи баргузории ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҳузур доранд, дар қатори баррасии мавзӯъҳои муҳими байналмилалӣ, бо ҳайатҳои гуногуни давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Халқии Чин, Кореяи ҷанубӣ, Колумбия, Сингапур, Ӯзбекистон, мулоқоту мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҷараёни вохӯриҳо сардори Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назриев Шаҳриёр Ҷӯрабекович, муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими БММ «Интерпол»-и ВКД лейтенанти калони милитсия Абдуллоев Амонулло Исматуллоевич иштирок намуда, масоили ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ як қатор таклифу пешниҳодҳои судман ироа намуданд.
Дар хотимаи ҳар як вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ҷиҳати рушду густариш ёфтани ҳамкориҳо изҳори боварӣ намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия рӯзи 22-юми ноябр оғоз гардида, то 25-уми ноябри соли равон идома меёбад.

0-02-04-6264987caf17ea96b465587ffd09e47dc1ddc59e5e55790cdd12f05f1f9f8e97 975f03804ab0f23f

0-02-04-d87dbc4054a51561298570a38e56aeaf3f23ff0f44c3a3083212b0ae315d3a6a c38f8c5e8d763877

Гул Маҳбуба

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика