Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар ҷавонмардони ин кишвар, шараф!

263796273 988400951742024_3730597377370005773_n

Бар ҷавонмардони ин кишвар, шараф!
Ҷонфидоёнанду номовар, шараф!
Даст рӯи қалбҳо истодаанд,
Шермардони ватанпарвар, шараф!

Ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВТМ ВКД дар вилояти Хатлон дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар хизматҳои беназир кардаанд ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба Савганди худ содиқ буда, бар зидди ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
Бахшида ба муносибати «Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсус» кормандоне, ки имрӯзҳо дар дидбонгоҳи ноҳияи Панҷ адои вазифа менамоянд, барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан, ҳимояти марзи кишвар, бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ ва нишону Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба кормандон маводи ғизоӣ ва кумакпулӣ расонида шуд.

263498516 444615493762066_4509779087360020449_n

263563211 446186267042868_1724191145450279644_n

Офоқ Қодириён,
подполковники милитсия.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика