Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-400”, Мирзоев Мирзо Қурбонович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Сайфуллоева Маъзам Убайдуллоевна, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Сайфуллоева М.У. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ярис”, Умарова Хайринисо Ҳайталиевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, пиёдагард Назаров Гулмурод Баротович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Назаров Г.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика