Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми феврали соли 2023, марди 27-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар муҳлати 25 шабонарӯз 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Приус»-ро 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, 25-уми феврали соли 2023 автомашинаи мазкурро ба дигар шахс ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Ин ҳолат мавриди тафтиш қарор дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>