Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эй сорбон, оҳиста рон! Ҳалокати 3 нафар дар ҳодисаи нақлиётӣ

565-уми феврали солаи 2024, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Тағоймуродов Ғолибҷон Холмирзоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори ҳимоявии канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: Тешаев Шерхон Тоҷимуродович, соли таваллудаш 1995, Чориев Маҳмадраҷаб Юсуфович, соли таваллудаш 1995, Тағойбеков Нуралӣ, соли таваллудаш 1995, Тешаев Абдукарим, соли таваллудаш 2004 ва худи ронанда Тағоймуродов Ғ.Х., сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангомӣ ба беморхона интиқол додан Тешаев Ш.Т., Чориев М. ва ронанда Тағоймуродов Ғ.Х. ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика