Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90

534Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, пешгирии амалу кирдори зиддиқонунӣ дар байни наврасон ва ҳамзамон таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон» ва риояи меъёрҳои санадҳои мазкур дар муассаисаҳои таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо пайваста вохӯриҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони ВКД доир карда мешавад.536

Чунин як вохӯрии судманд бо хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
535Дар вохӯрӣ сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардорони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Файзуллозода Илҳом, ёрдамчии калони Прокурори ноҳияи Сино Салимзода Нилуфар ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.
Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба чорабинӣ оғоз бахшида, аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуда, оид ба машғул шудан ба донишомӯзиву хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда, аз масъулини муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли наврас саҳлангорӣ накарда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.
Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошивии ноболиғон ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тарақиёт ва ободу зебог аштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуданд.
Абдулло Шоҳиён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика