Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба чорво ва маблағ

525Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 62-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 10-уми июни соли 2015, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 263-сар гусфандро ба маблаги 665 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, чорвоҳои мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 209-сар гусфандро ба маблағи 523 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, чорвоҳои мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2022, дар кӯчаи А.Навоии пойтахт марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада барои ба тиҷорат машғул шудан аз ӯ 25 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки онҳоро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо номбурда маблағҳои ба дастовардашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика