Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Темурмалик

0058-уми майи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350», Ҳалимиён Муродали Шарбат, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷи-поён-Душанбе” воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мототсикли дучархаи тамғаи "Делим", таҳти идораи Умаров Маҳмад, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Умаров М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 9-уми майи соли 2024 дар он ҷо вафот кардааст.
10-уми майи соли 2024, тахминан соатҳои 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “SHACMAN”, таҳти идораи Мирзоев Шарофиддин Эшонқулович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Кангурт ба самти маркази ноҳияи Темурмалик, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи автомобилгард берун баромада, ба нишебии баландиаш тахминан 50 метр ба замин афтидааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “SHACMAN”, Мирзоев Ш.Э. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика