Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир намудани қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

032Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2022 марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро соҳибкори муваффақ муаррифӣ намуда, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ноҳияи Шаҳринав як хонаи истиқоматӣ аз бинои навбунёд гирифта медиҳад.

Ҳамин тариқ, бори дуюм моҳи декабри соли 2023 бо баҳонаи пеш бурдани тиҷорат аз ӯ 14 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350», ки арзишаш 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳояш ба ӯ 200 метри мураббаъ иншооти ғайриманқули ёрирасонро дар шаҳри Турсунзода гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 59 ҳазор доллари амрикоӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ Ф-10”-ро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати як моҳ бо пуррагӣ бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика