Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози амалиёти "Нелегал- 2024" дар вилояти Хатлон

918Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии СААД оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал-2024", ки аз 7 апрели соли 2024 тасдиқ шудааст, дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии "Нелегал-2024", дар ду марҳила гузаронида мешавад.

919Марҳилаи якуми амалиёт бо номи "Нелегал-Трафик" аз 3 то 9 июни соли 2024 бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Раёсати ВКД, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти мазкур гузаронида мешавад.
920Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур, санҷиши тартиби риояи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоотҳои корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва дигар масъулони мақомотҳо дар ҳудуди бозори «Ҳоҷи- Шариф», терминали «Баҳор», ҶДММ «Форсиён» ва ҶДММ «Ҳунари-41» амалиёти муштарак гузаронида шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт 6 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Амалиёти "Нелегал-2024" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика