Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани 3 нафар бо ҷурми ғорат намудани телефонҳои мобилии шаҳрвандон

112Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Деваштич ворид гардидааст, ки 19-уми июни соли 2024, тахминан соати 04:00, ҳангоми дар истгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Виво”, арзишаш 700 сомонӣ ва 500 сомонӣ маблағи пулиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 33, 35 ва 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, гумонбаршавандагон 19-уми июни соли 2024, тахминан соати 04:48-дақиқа, ҳангоми дар назди тарабхонаи “Яккачинор” қарор доштани ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-10”, ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика