Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 4 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

1718-уми июни 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Рав-4”, Салимов Шаҳобиддин Шамсиддинович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Чиллазода Қурбоналӣ Ҳаёт, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст, ки баъдан автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” аз роҳ баромада, ба ҷарии канори роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Гулмуродзода Дилафрӯзи Саидкарим, соли таваллудаш 1994, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми июни соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», Аллаев Музаффар Эргашович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи газкашони тамғаи «Мерседес Бенс Актрос», таҳти идораи Алиев Фарҳод Иззатович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри» ва мусофири он ҳамсараш Наҷмиддинова Хайри Маҳмадовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
19-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Портер», Атоев Шоҳиҷаҳон Давронҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Азимов Мақсуд Каримович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Азимов М.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика