Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо фаъолони шаҳри Конибодом

153520 июни соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло бо доираи васеи сокинони шаҳру деҳоти шаҳри Конибодом мулоқот анҷом дод. Чорабинии маърифатӣ дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳри Конибодом бо иштироки раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода ва ҳайати роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баргузор гашт.

1536Ҳадафи вохӯрии судманд ба маълумоти шаҳрвандон расонидани нуктаҳои муҳим ва дастуру супоришҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз санаи 9 март, намояндагони аҳли илм ва маорифи кишвар аз санаи 30 майи соли равон асос ёфта, ҳамзамон вобаста ба меъёрҳои қонунгузорӣ, риояи маданияти шаҳрдорӣ, бедор намудани масъулияти ватандӯстӣ ва таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврасро фаро гирифт.
1537Илова бар ин, қабули муроҷиати шаҳрвандон ва шунидани таклифу пешниҳодҳо доир ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мақсади дигари чорабиниро дар бар гирифт.
1538Дар хотима иштирокчиёни вохӯрӣ омодагии худро баҳри иҷрои дастурҳои додашуда ва ноил гаштан ба ҳадафи умумимиллӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан ва осоиштагӣ дар он иброз доштанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика