Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Руйдодҳо

Бо мақсади хубу босифат анҷом додани хизматрасониҳо дар самти дастрасии шаҳрвандон ба гирифтани шиноснома бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуд. Маросими баистифодадиҳии бинои маъмурӣ бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ....
20.02.2020 15:51 87


Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 62-солаи сокини кӯчаи Шарқи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, шахси номаълум дар кӯчаи Меҳнат, воқеъ дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бо роҳи зӯроварӣ ба ....
20.02.2020 10:19 85


Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Баҳори шаҳри Исфара, бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.  Номбурда, санаи 17-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 22:00, дар дохили ҶДММ «Формула-55», воқеъ дар ....
20.02.2020 10:15 92


Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини деҳаи Хоссаи ноҳияи Шуғнон бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, аз мағозаи марди 46-солаи сокини деҳаи Бунии ҳамин ноҳия маҳсулотҳои гуногуни хӯроквориро, ҷамъ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ....
20.02.2020 10:11 71


Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 45-солаи сокини кӯчаи А.Навоии ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми феврали соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Айнӣ қарор доштанаш, марди 30-солаи сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш ....
20.02.2020 10:09 69


Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД ....
19.02.2020 11:19 99


Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтори муассисаву иншооти мухталиф ва омӯзиши хислатҳои тактикӣ-ташнишонии онҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорати касбии ҳайати шахсии бастҳои навбатдор ва дигар кормандони тахассуси хизматӣ диққати махсус зоҳир намуда, ....
19.02.2020 11:10 65


Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми феврали соли 2020 дар майдончаи варзишии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба варзиши вазнбардорӣ дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид. Дар ....
19.02.2020 11:05 67


Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми феврали соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаашон 2-сар чорвои калони шохдорро ....
19.02.2020 11:00 56




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuno

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика