Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 


Ф А Р М О Н И
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
УКАЗ
ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи чамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятхо бо истифода аз силоҳҳои ғайринизомӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон м е д и ҳ а м:
Истеҳсол, сохтан, хариду фуруш, интиқол, соҳиб шудан, ба дигар шахсе додан, нигоҳ, доштан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани силоҳи ғайринизомии намудҳои таппонча, револверҳо бо патронҳои чароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ муваққатан то 31 декабри соли 2013 боздошта шавад.
Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе


27 сентябри соли 2013
№ 1521




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика