Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осори Айнӣ – маромномаи халқи тоҷик

415Устод Садриддин Айнӣ нахустин шоири инқилобӣ, аввалин насрнависи воқеъгаро, рӯзноманигор, адабиётшинос, забоншинос, муаррих, ҷомеашинос ва бунёдгузори адабиёти навини тоҷик шинохта шудааст. Осори Садриддин Айнӣ маромномаи халқи тоҷик аст ва шеъри ӯ ("Эй ситамдидагон…") дар он замони тақдирсоз ба суруди миллии тоҷикон табдил ёфта буд. Ҳар чизе, ки Садриддин Айнӣ дар тӯли умри худ навишт, ҷанбаи маърифатию маорифпарварӣ дошт ва барои босавод сохтани мардум нигаронида шуда буд ва алҳақ, ӯ ба ҳайси муаллим ва шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз арзи ҳастӣ кардааст.

Айнӣ ба майдони адабиёт ба сифати шоир дохил шуд ва ашъори ӯ чӣ дар даврони амирӣ ва чӣ дар замони Шӯравӣ моҳияти маорифпарварӣ доштанд. Ҳанӯз соли 1907 Шарифҷонмахдуми Садри Зиё дар "Тазкори ашъор" дар мавриди Айнӣ гуфта буд:
Ба мулки сухан Айнии хушбаён,
Чун шамъ аст урёну рӯшанбаён.
Ба назму ба насри сухан довар аст,
Зи насраш вале назми ӯ хуштар аст.
Дар даврони Шӯравӣ фаъолияти устод Айнӣ хеле густариш меёбад. Ҳеҷ як соҳае нест, ки марбут ба миллати тоҷику Тоҷикистон бошаду устод Айнӣ чизе нанавишта бошад. Ӯ пайваста ба таълифи осори манзуму мансур, асарҳои таърихию адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва амсоли онҳо машғул шуда, дар босавод кардани мардуми тоҷик ва ташаккулу тараққии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Аз ин ҷост, ки баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин унвони Қаҳрамони миллат ба номи ин бузургвор рақам зада шуд. Нахустин маҷмӯаи ашъори Айнӣ "Ахгари Инқилоб" (1923) ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ интишор ёфт. Маҷмӯаи дигари ӯ "Ёдгорӣ" (1934) ашъори даврони Шӯравии ӯро фаро гирифтааст. Ӯ ба ҳар муносибат шеъру достонҳо эҷод намуда, ки ба бунёди Тоҷикистони навин бахшида шудаанд. Масалан, достони "Ҷанги одаму об" ба сохтмони шабакаи обёрии водии Вахш бахшида шуда, ки аз сероб гардонидани заминҳои ташналаб ва дар ин замина, аз дӯстии халқҳои гуногунмиллат ҳангоми бунёди ҳаёти нав ҳикоят мекунад. Достонҳои дастҷамъонаи "Зафарномаи халқҳои Тоҷикистон" (1936) ва "Оби ҳаёт", ки бевосита ба раҳнамоии Айнӣ эҷод шудаанд, таҷаддуди моддию маънавии халқи тоҷикро дар он даврони созандагӣ таҷассум менамоянд.
Айнӣ сабаби ба наср рӯ оварданашро дар пешгуфтори маҷмӯаи "Ёдгорӣ" чунин тавзеҳ медиҳад: "Чорчӯбаи вазну қофия барои ифодаи мазмунҳое, ки инқилоб илҳом мекард, тангӣ намуд ва ё ин ки қобилияти шеърии ман аз ифодаи он мазмунҳо дар либоси шеър оҷиз омад ва даромадам ба насрнависӣ". Аммо баррасии осори ин адиби мубориз нишон медиҳад, ки Айнӣ дар ҳар ду давраи ҳаёташ - ҳам даврони амирӣ ва ҳам замони Шӯравӣ аз назму наср ҷудо набуда, ба ҳар ду шеваи каломи бадеъ иншо мекардааст. Баъд аз солҳои 30 асри ХХ гарчанде бештар осори насрӣ офаридааст, аммо ба ҳар муносибате шеъру достонҳо эҷод карда, ки фарогири мазмуни дӯстии халқҳо, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, ташаккули одами нав ва тарғиби давлати мардумсолорӣ мебошанд. Алалхусус, дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) фаъолияти шоирии Айнӣ боз ҳам бештар вусъат меёбад. Ашъори дар ин солҳо сурудаи ӯ "Мо зи Ҳитлер ниқори башарият гирем", "Марши интиқом", "Қаҳрамони Ленингрод" ва ғайра, ки дар анвои мухталифи адабӣ эҷод шудаанд, дорои мазмуни ватандӯстона, озодипарастӣ ва нафрат ба ҷангу ҷангҷӯён аст. Ӯ халқро ба мубориза зидди истилогарони фашистӣ даъват карда, фидокорию қаҳрамонии халқҳои гуногунмиллати Шӯравиро васф намудааст. Айнӣ ғалабаи халқи Шӯравиро бар фашизм бо "Қасидаи ҷанг ва зафар" истиқбол кард, ки оҳанги мутантан дорад. Ашъори минбаъдаи Айнӣ амсоли "Барги сабзи дӯстона аз қабили тикаи муҳаббат", "Салом" ба тараннуми дӯстии халқҳо бахшида шудаанд.
Айнӣ ба ҳайси донишманди таърихнигор ҳанӯз дар даврони амирӣ бо навиштани асари таърихии илмӣ "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" (1918) ва китобҳои таълимиаш чун "Таҳсиб-ус-сибён", алалхусус қисмати "Хонадони хушбахт" ҳамчун нависандаи воқеъгаро шуҳрат касб карда буд. Дар 34 соли зиндагии даврони Шӯравиаш ба сифати шоир, нависанда, рӯзноманигор, таърихшинос, адабиётшинос, забоншинос, мунаққид, драмнавис ва дар маҷмӯъ, бунёдгузори насри воқеъгаро, бахусус насри реалистӣ ва анвои мухталифи он дар адабиёти Шӯравии тоҷик шинохта шуд. Айнӣ ба ҳайси як донишманди бузург китобу мақолаҳои зиёде дар мавриди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, намояндагони бузурги он ва таъриху фарҳанги миллат навишта, ки барҳақ ӯро поягузори адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва таърихшиносии Шӯравии тоҷик медонанд.
Ин ҷо аз осори мансури бадеии ӯ сухан меравад. Нахустин қиссаи насрии Айнӣ (1920) "Ҷаллодони Бухоро" ном дорад, ки ба забони ӯзбекӣ ба нашр расидааст. Айнӣ нахуст онро ба забони тоҷикӣ дар шакли ҳикоя бо унвони "Фоҷиаи як ҷавони Бухоро" навишта, ба нашриёти Ҷумҳурии Халқии Бухоро месупорад, аммо бо сабаби ба форсӣ иншо шуданаш онро чоп намекунанд. Адиб маҷбур мешавад, ки онро ба забони ӯзбекӣ нависад. Дар ин асар ҷадидкушии амир баъд аз воқеаи Колесов бо шеваи ҳикоят андар ҳикоят ба тасвир омадааст. Айнӣ воқеаи мудҳиши қатли омро баъд аз фурӯ нишондани шӯриш (1918), ки дар Арки амир ба амал омада буд, ба риштаи тасвир кашидааст. Айнӣ аз номи як гурӯҳ ҷаллодон, ки рӯзона ба куштани мардум ва шабона ба бор карда бурдани мақтулон машғул буданд, разолати амир ва амалдорони онро фош намудааст. Қобили зикр аст, ки ин асари Айнӣ сирф бадеӣ нест, балки дар асоси воқеаҳои таърихӣ иншо шуда, як қиссаи мустанадро мемонад. Баъд аз ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон Айнӣ ба ҳаёти мардуми кӯҳистони тоҷик рӯ овард ва як қатор мақолаҳо, амсоли "Тоҷикони кӯҳистон", "Аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон", "Муносибати тоҷикони кӯҳистон ба ҳукумати Шӯроӣ" (1924) ва ғайра навишта, дар рӯзномаи "Овози тоҷик" ба нашр расонд. Ин мақолаҳо заминае барои навиштани қиссаи "Одина" буданд. Қиссаи (повест) "Одина" ибтидо бо унвони "Саргузашти як тоҷики камбағал" аз соли 1924 қисм-қисм дар рӯзномаи "Овози тоҷик" ба нашр расид. Қиссаи "Одина" соли 1927 ва "Ҷаллодони Бухоро" соли 1937 дар шакли китоб ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, баъзе айнишиносон "Одина"-ро нахустин асари реалистии Айнӣ мешуморанд.
Воқеан, ин асар дарёи адабиёти форсии тоҷикиро маҷрои тоза бахшид. Бори нахуст ҳаёти мардуми ранҷбари замону макони муайян мавзӯи тасвири бадеӣ ва намояндаи аҳли меҳнат қаҳрамони он гардид. Адиб дар ин асар дар симои Одина, Гулбибӣ, Бибиоиша, Арбоб-камол, Мулло Хокироҳ ва дигарон ҳаёти тоҷикони кӯҳистонро дар ибтидои қарни ХХ ба тасвири бадеӣ мекашад ва воқеоти асар аслан дар кӯҳистони Қаротегин мегузарад. Забони соддаю оммафаҳм, шеваи тозаи баёни андеша, манзаранигорӣ ва образофарии табиӣ дар баррасии нобаробарии табақотӣ, рӯзгори иҷтимоии мардум асарро хеле ҷаззоб ва хонданбоб кардаанд. Бешак, Айнӣ дар иншои ин асар ҳамон шеваи воқеъгӯии "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Донишро сармашқи кори худ қарор додааст, вале бо забону шеваи баёни соддатар. Воқеоти асар бо пирӯзии Инқилоби Октябр ба поён мерасаду Одина дар арафаи бунёди ҳаёти нав мемирад. Ин қисса сармашқи адибони насли нави тоҷик гардид ва маҳбубияти азим касб кард. Баъд аз тарҷумаи он ба забони русӣ (1929-1931) дар байни хонандагони русзабон низ ҳаводорони зиёд пайдо кард ва аз ҷониби онҳо баҳои сазовор гирифт. Қиссаи "Одина" қабл аз ба сифати китоб ба нашр расиданаш, дастраси форсизабонони хориҷӣ мешавад. Хонуми эроние бо исми Шукӯҳи Ховариён аз Теҳрон чунин менависад: "Дар шумораи шаши маҷаллаи "Роҳбари дониш" зери унвони "Якумин қиссаи инқилобии тоҷик "Одина", асари Садриддин Айнӣ риштаҳое хондам, ки эҳсосоти маро муҳаррик шуд ин муросаларо ба шумоҳо, ки ношири афкори озод ва инқилобии форсизабонон ҳастед, бинависам. Ман ҳанӯз ин китоби муқаддасро, ки намунае аз нолаву фарёдҳои бадбахтона ва гирифторони Шарқ аст, надидаам. Ҳанӯз фаслҳои зиёди он ҳар як тоблуи ҳузнангез хоҳад буд, аз пеши чашмам нагузашта, вале ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омол ва орзуҳои заҳматкашони Шарқ ва хусусан форсизабонон дар он ҷамъ хоҳад буд".
Асари дигари Айнӣ "Дохунда"-ро, ки дар адабиётшиносии тоҷик онро "Нахустромани адабиёти Шӯравии тоҷик" меноманд, метавон идомаи мантиқии қиссаи "Одина" номид. Романи "Дохунда" дар байни солҳои 1927-1929 таълиф шуда, нахуст соли 1930 дар шаҳри Қазони Русия бо ҳуруфи форсӣ ба нашр мерасад ва ба таъкиди Х. Асозода, Айнӣ мехост онро ба шарафи ташкили Ҷумҳурии ҳафтумини Сотсиалистии Тоҷикистон ҳадя намояд. Дар ин асар муҳимтарин масоили сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқӣ - муборизаву талоши аҳли меҳнат барои озодӣ, истиқлоли миллӣ ва бунёди ҳаёти нав дар як давраи муайяни таърихӣ, аз ибтидои қарни ХХ то сеяки аввали он ба риштаи тасвир кашида шудааст. Қаҳрамони асосии "Дохунда" халқи меҳнатӣ буда, фазилати он дар симои Ёдгору Гулнор таҷассум ёфтаанд. Тасвири мавзӯи таърихӣ, вусъати воқеоти марҳилавии сиёсию иҷтимоӣ ва наҳзати таърихии халқ дар ҷодаи навсозии сарзамини худ ба "Дохунда" рӯҳи ҳамосӣ бахшидааст. Ёдгору Гулнор намоди инсони ташаккулёфтаи муборизанд, ки адиб камолоти шахсияти онҳоро вобаста ба тағйироти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ба қалам додааст. Айнӣ дар ин асар муборизаи шадиди ду давра - феодализми фаношаванда ва сотсиализми навзуҳурро вобаста ба ҳаводиси таърихӣ воқеъгароёна ба тасвири бадеӣ кашида, ки аксари иштирокчиёни он бо исми худ (монанди сарварони босмачиён ва роҳбарони ғоявии онҳо Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Дониёл, Эшони Султон, Анварпошшо, Салимпошшо, Усмон Хоҷаев, Алӣ Ризо ва дигарон) тасвир шудаанд.
Мавзӯи ғуломон ва ғуломфурӯшӣ дар Осиёи Миёна, ки аз ҳаёти мардуми ин сарзамин сарчашма мегирад, ибтидо дар қиссаи "Қулбобо" (соли 1928 ба ӯзбекӣ) ва баъдан дар романи "Ғуломон"-и (1934) Айнӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Ин роман воқеаҳои таърихии бештар аз як қарни (аз соли 1824 то 1933) Мовароуннаҳру Хуросон ва Осиёи Миёнаро фаро мегирад, ки дар мисоли авлодҳову наслҳо ба тасвири бадеӣ кашида шудааст. Воқеъгароии Айнӣ дар тасвири қонуниятҳои инқилобии тараққиёти ҷамъият асос ёфтааст. Робитаи замону макон, вақту фазо, фард ва ҷамъият, воқеияти ашхос ва ашё дар "Ғуломон" ба таври аҳсан риоя шуда, ки далели равшани ҳуҷҷатписандии Айнӣ, такяи ӯ ба ҳақиқати воқеоти таърихӣ мебошад.
Насри Айнӣ дар солҳои 30 асри ХХ ҳаматарафа рушд намуда, аз ҷиҳати мавзӯю масоил, анвои адабӣ, сабк ва амсоли инҳо ғанӣ гардид. Адиб паҳлӯҳои тозаи зиндагиро мавриди тасвири бадеӣ қарор медиҳад. Қиссаи "Мактаби кӯҳна" (1934) дар мавриди шеваи номатлуби омӯзишу парвариши мактабҳои замони гузашта мавриди танқид қарор ёфтааст. "Колхози коммунизм" (1934), "Ҷашни торихӣ", "Тирози ҷаҳон (ҳарду 1936) очеркҳое ҳастанд, ки адиб баъд аз сафарҳояш ба рустоҳои Тоҷикистон ба қалам додааст. Қисса (повест-достон)-и "Марги судхӯр" (1936) на танҳо дар адабиёти Шӯравии тоҷик, инчунин дар адабиёти Шӯравӣ мақоми сазовор касб кард. Барои Қорӣ Исмат, ки ба сабаби судхӯрӣ ва шиками бузургаш Қорӣ Ишкамба лақаб додаанд, ҳеҷ чизе муқаддастар аз пул нест. Ӯ ғуломи пул аст, барои ситондани фоидаи қарзҳое, ки ба мардуми муҳтоҷ медод, тамоми қавонини шариатро пушти по мезанад ва аз ҳеҷ разолате рӯ намегардонад. Ғояи асосии асар ҳалокати дунёи сармоядорӣ ва судхӯрию риёкорист. Марги муфоҷои Қорӣ Исмат ва ба хазинаи ранҷбарон гузаштани сармоя ӯ гувоҳи ин матлаб аст. Қиссаи "Ятим" (1940) ба саргузашти Ятим (Шодӣ Мурод) ном ҷавонест, ки баъд аз инқилоб арбобаш ӯро бо модараш зӯран ба Афғонистон бурда буд, бахшида шудааст. Ҳаёти вазнини тоқатфарсо дар хориҷа ва бозгашти ӯ ба Тоҷикистони Шӯравӣ ва тарбият ёфтану хидмат кардани ӯ дар бунёди ҳаёти нав хеле олӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Насри Айнӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон хеле рушд ёфт. Айнӣ ҳам бо шеър ва ҳам бо наср бо ғояи олии ватанхоҳӣ халқро ба муқобили душман даъват кардааст. Дар ин ҷода насри илмию бадеии ӯ ҷолиби диққат аст. "Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик" (1944) ва "Исёни Муқаннаъ" (1944), як қатор мақолаҳои ӯ ҷанбаи ватандӯстӣ дошта, бо ёдоварии ҳофизаи таърихӣ перомуни аҷдоди қаҳрамону далер ҷавононро бар зидди душмани истилогар сафарбар менамуданд. Муқаннаъ (пешвои шӯришчиён бар зидди Хилофати араб дар асри 8) ва Темурмалик (хокими Хуҷанд ва сарлашкари ғаюр бар зидди муғул асри 13) ҷанговаронро бар зидди душман рӯҳу қувваи тоза мебахшиданд. "Чингизи асри ХХ", "Деви ҳафтсар", ки такя ба ҳаводиси таърихи миллат ва афсонаву ривоёти он доранд, мақолотест, ки Айнӣ дар накӯҳиши фашистони истилогар ва раҳбари онҳо - Ҳитлер бахшидааст. Дар ин асар адиб сарвари фашистонро ба деви ҳафтсар ташбеҳ карда, ки сарбози диловари тоҷик ӯро мағлуб мекунад.
"Ёддоштҳо" (1947-1954)-ро метавон асари ҷамъбастии эҷодиёти Айнӣ шуморид, ки аз чаҳор ҷилд иборат буда, нотамом мондааст. Вақеан, "Ёддоштҳо" як шоҳасари адабист, ки дар адабиёти собиқ Шӯравӣ мақоми шоиста касб кард ва ба мукофоти давлатии ин кишвар сазовор гардид (1950). Адиб дар чаҳор ҷилди ин шоҳасар ҳаёти халқи тоҷикро вабаста ба саргузашти худ дар солҳои 80-90 асри ХIХ бо фарогирии муҳимтарин масоил ва ҷузъиёт тасвир кардааст. Айнишиносон ин асарро қомуси халқи тоҷик дар чоряки охири қарни ХIХ донистаанд. Дар ин асар аз ҳама табақаи мардум намояндагон бо номи худ фаъолият мекунанд. Тамоми воқеоти асар аз номи Садриддин нақл мешавад, вале дар маркази тасвир симои халқи тоҷик бо он ҳама маърифату урфу одаташ ва шебу фарози зиндагияш, муборизаву талошаш, созандагию бунёдкориаш дар як давраи муайяни таърихӣ ба тасвир омадааст. Дар раванди рушду камоли Садриддин беҳтарин сифати халқ дар симои ӯ тасвир шудааст. "Ёддоштҳо"-и Айнӣ ба адабиёти халқҳои қазоқу қирғиз ва ӯзбеку туркман такони ҷиддие дод ва дар пайравӣ аз он суннати ёддоштнависӣ дар адабиёти ин халқҳо роиҷ гардид.
Айнӣ соли 1917 дар Самарқанд асаре бо номи "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" ё "Таърихи усули савтия ва инқилоби фикрӣ дар Бухоро" навишта, ба Бухоро барои нашр фиристода буд. Китоби мазкур соли 2005 ба сифати ҷилди панҷуми "Ёддоштҳо" ба нашр расид.
Осори Айнӣ пайванди суннатҳои адабии Шарқ, махсусан адабиёти классикии форсу тоҷик ва Ғарб мебошад. Айнӣ ба воситаи тарҷума ва ба туфайли шогирдонаш аз осори саромадони адабиёти рус огаҳӣ дошт ва худ борҳо қайд карда, ки аз осори М. Горкий, ки бо ӯ ошно буд, баҳра бардоштааст. "Зиндаи абадӣ" (1936), "Омӯзиши ман аз Максим Горкий", "Хотираи фаромӯшношудании устоди бузург" (1936), "Симои фаромӯшнашаванда" (1946) ва "Падари тарбиятгари адабиёти Шӯравӣ" (1951) мақолаҳое мебошанд, ки Айнӣ аз суҳбатҳояш бо Горкий ва баҳрабардорияш аз осори ин нависандаи бузурги рус сухан мегӯяд. Айнӣ шогирдони зиёде ҳам дар соҳаи адабиёт ва ҳам дар ҷодаи илми тоҷик тарбият карда, ки баъдан макотиби бунёдниҳодаи ӯро чӣ дар соҳаи адабиёт ва чӣ дар ҷодаи илм идома доданд. Бузургтарин нависандагону шоирони тоҷик чун Ҷалол Икромию Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ… ва донишмандоне амсоли Абдулғанӣ Мирзоеву Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурию Шарифҷон Ҳусейнзода… бо ифтихор худро шогирди мактаби бузурги Айнӣ медонанд. Нуфуз ва таъсири мактаби Айнӣ дар инкишофи адабиёти дигар ҳалқҳои Шӯравӣ, хусусан адабиёти қазоқу ӯзбек, қирғизу туркман хеле назаррас аст.
Донишмандони эронӣ дар нашр ва таҳқиқи мероси Айнӣ корҳои назаррасе анҷом додаанд. Дар Эрон чаҳор ҷилди "Ёддоштҳо", "Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам", "Намунаи адабиёти тоҷик", "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" ва баъзе дигар асарҳои Айниро бо пешгуфтори муфассал ва шарҳу тавзеҳи илмӣ ба нашр расондаанд. Айнӣ ба ҳайси нависандаи классики адабиёти Шарқ эътироф гардидааст. Алфред Курелла - шоиру носир ва мутарҷими олмонӣ Айниро таҷассуми равобити самарабахши тамаддуни шарқию ғарбӣ медонад. 100-солагии Айнӣ бо қарори СММ (1978) дар миқёси байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Осори Айнӣ бо 17 забони халқҳои собиқ Шӯравӣ ва 12 забони хориҷӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Хулоса, оғози фаъолияти илмии Айнӣ аз соли 1912 бо мақолаи илмӣ дар бораи рӯзгор ва осори Бедил шурӯъ мешавад, ки дар маҷаллаи "Шӯро" (1912, №2) ба забони тоторӣ ба нашр расидааст. Асарҳои илмии ӯ доир ба таърих, забону адабиёт, кишваршиносӣ, луғатнигорӣ, мусиқӣ, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд, пояи ин илмро дар Тоҷикистон асос гузошт. Масалан "Таърихи амирони манғитияи Бухоро" (1923), "Материалҳо (мавод) доир ба Инқилоби Бухоро" (Маскав, 1926, ба забони ӯзбекӣ), "Дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-и ӯ" (1934), "Устод Рӯдакӣ" (1940), "Камоли Хуҷандӣ" (1940), "Шайх Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ" (1940-42), "Мирзо Абдулқодири Бедил" (1954), "Восифӣ ва хулосаҳои "Бадоеъ-ул-вақоеъ" (1946), "Алишери Навоӣ" (1948) ва ғайра ҳар як дар таърихи илми тоҷик мақоми арзанда доранд.
Айнӣ солҳои 20-30 асри ХХ мақолаҳои зиёде доир ба забон иншо карда, ки "Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ", "Китобҳои тоҷикӣ", "Луғати нимтафсири тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик" (1934) ва ғайра аз он ҷумлаанд. Дар ин мақолаҳо ӯ асоси назариявии шеваи нави забони адабии тоҷикро нишон дода, дар асарҳои бадеии худ намунаи равшани соддабаёниро ба майдон гузошт.

Азиза ДАВЛАТШОЕВА,
сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД ҶТ

Дар ситоиши Айнӣ

Ман ба устод Айнӣ қоил ва ҳар кас ҳам бояд қоил шавад. Устод деҳ ба деҳу хона ба хона қаландарвор гашта, санад ғун карданд, бо нӯги сӯзан аз зери хоку вайронаҳо зар пайдо карда, китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро мураттаб сохтанд. Ба ин хел одам, ки барои миллаташ ҷон ба гарав мемонад, чӣ хел қоил намешавед?! Таъзим бояд кард"!

Мирзо Турсунзода
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №15(467) аз 12-04-2018 сол




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика