Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаҳрамонони миллатро бояд шинохт!

859Шириншоҳ Шоҳтемур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1999 барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёдгузорӣ, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо ордени "Дӯстӣ" шарафёб гардида, баъдан 27 июни соли 2006 ба ӯ барои хизматҳои арзандааш дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. 20 октябри соли 2009 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 110-солагии зодрӯзаш ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номи Шириншоҳ Шоҳтемур дода шуд. Шириншоҳ Шоҳтемур 17 декабри соли 1899 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар синни 8-9-солагӣ аз падару модар ятим монда, дар айёми авҷи камолот ва илмомӯзӣ машаққатҳои зиёд кашида, то синни 12-солагӣ дар тарбияи бародараш мемонад. Сипас, қисмҳои низомии Руссия соли 1911 Шириншоҳ наврасро ба омӯзишгоҳи русӣмаҳаллии шаҳри Хоруғ ба таҳсил ҷалб менамоянд. Дар солҳои донишандӯзӣ зимистон ба таҳсил пардохта, тобистон дар отряди сарҳадбонии Помир фаъолият мебарад. Дар 15-солагӣ омӯзишгоҳро хатм ва бо сардори омӯзишгоҳ капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. То соли 1917 дар корхонаҳои саноатӣ коргар буд, баъд ба омӯзишгоҳи педагогии Тошканд дохил шуда, онро соли 1921 бомуваффақият ба итмом расонид. Шириншоҳ Шоҳтемур ҳанӯз солҳои дар Тошканд буданаш рӯҳияи инқилобӣ пайдо намуд, ҷаҳонбинии сиёсии ӯ ташаккул ёфта, моҳи январи соли 1921 узви ҳизби коммунист гардид. Соли 1921, пас аз хатми омӯзишгоҳ, Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҳайати 500-нафараи ба ном "донишҷӯёни пролетарӣ" аз тарафи Кумитаи Иҷроияи марказии Туркистон ба шаҳри Қуқанд ва аз он ҷо ба кумитаи

тақсимоти озуқавории шаҳри Хуҷанд фиристода шуд. Баъди чор моҳи фаъолият ба сифати корманди масъул ва узви Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба Помир (ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) фиристода шуд. Солҳои 1921-1922 аъзо ва аз соли 1922 то соли 1923 ба ҳайси сардори Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ фаъолият намудааст. Шириншоҳ Шоҳтемур аз моҳи октябри соли 1923 то 5 августи соли 1924 корманди бойгонии назди Шӯрои нозирони халқии Ҷумҳурии Туркистон, аз 5 августи ҳамон сол то моҳи ноябр инструктори зершуъбаи ақаллиятҳои миллии шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркистон фаъолият бурдааст. Баъди анҷоми тақсимоти миллию марзӣ Шириншоҳ Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби коммунисти ҶМШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи инқилобии Тоҷикистон таъин гардида, барои фаъолият ва бунёди дастгоҳҳои ҳизбию Шӯравӣ ба шаҳри Душанбе омад. Ӯ дар қатори ходимони тозаинтихоби ҳайати Ҳукумати Тоҷикистони мухтор яке аз аввалинҳо шуда ба Душанбе омада, барои кӯчондани Ҳукумат аз Тошканд ба Душанбе ва ташкил намудани дастгоҳҳои нави ҳукуматӣ нақши арзанда гузоштааст. Солҳои 1924-1926 Шириншоҳ Шоҳтемур вазифаҳои пурмасъули давлатиро ба уҳда гирифта, барои ташкил намудани дастгоҳҳои нави Шӯравӣ, ҳизбӣ ва барҳам задани ҳаракати зиддишӯравӣ саҳми назаррас гузошт. Шириншоҳ Шоҳтемур то соли 1932 дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбӣ фаъолият намуда, дар ин ҷода барои баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва мафкураи миллии мардуми Тоҷикистон аз худ нақши назаррас боқӣ монд. Ӯ бо як ҷасорати пурандешонаи сиёсӣ дар доираи имконияти хеш аз асолат ва ҳувияти халқи тоҷик, таъмин намудани корбурди забони модарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, роҳандо
зии таълиму тадрис ба забони миллӣ қотеъона ва мардона дифоъ кард, ки аз кори бузурги ватанпарастӣ, номуси миллӣ ва меҳри саршори ӯ нисбат ба марзу буми аҷдодӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамин кордониву ҷасорат ва фаъолияти пурмаҳсулаш буд, ки ӯ соли 1932 барои таҳсил ба Институти профессураи сурхи шаҳри Маскав фиристода шуд. Вале Шириншоҳ Шоҳтемур дар ин боргоҳи маърифат таҳсилро то ба охир идома дода натавонист. Сабаб он буд, ки моҳи декабри соли 1933 раиси Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа то охири умр, яъне то соли 1937 фаъолият намуд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар он давраи пуртаззоду тақдирсоз ба хотири ташкили зиндагии арзандаи мардуми тоҷик заҳмат кашида, яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дифоъ намудан аз истифодаи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани таълиму тадрис ба забони миллӣ, ба вуҷуд овардани чеҳраи миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон дар байни дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз афкори бузурги хештаншиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва номуси миллӣ, меҳри саршори ӯ нисбат ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва марзу буми аҷдодӣ шаҳодат медиҳанд. Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба масъалаи барҳам додани бесаводии аҳолӣ ва аз байни тоҷикон тайёр кардани кадрҳои кордону болаёқат диққати ҷиддӣ медод. Ӯ дар Анҷумани якуми муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (моҳи июни соли 1930) маърӯза карда, вазифаи муҳим ба миён гузошт, ки то охири панҷсола бояд 75 фоизи аҳолӣ ба мактаб фаро гирифта шаванд. Дар ин асос соли таҳсили 1931-1932 нахустин мактаби олии кишвар - Донишкадаи Осиёи Миёнагии меваю сабзавот таъсис дода шуд, ки баъдан ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (соли 1933) ва пас аз ин ба Муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон" (10 августи соли 1992) табдили ном кард. Моҳи октябри соли 2009 Муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" номгузорӣ гардид.
У.Олим




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика