Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Малика Қаландарова

187

Малика Қаландарова (Мазол Яшуваевна Калантарова) – раққосаи яҳудии бухороӣ. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон соли 1974, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон соли 1976. Ҳунарпешаи халқии СССР соли 1984.

Малика Қаландарова 2 сентябри соли 1950 дар шаҳри Сталинобод, ки Душанбеи имрӯза аст таваллуд шудааст. Соли 1965 М.Қаландарова дар Тоҷикистон аввал дар дастаи худфаъолиятии «Захираҳои меҳнатӣ» ҳунарнамоӣ мекунад ва баъд ба ансамбли рақсии «Лола» омада бо роҳбарии Ғ. Валаматзода ҳамчун раққосаи бомаҳорат ба камол расидааст. Аз соли 1980 то 1991 — дар ансамбли рақсу суруди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳанарнамоӣ кардааст. Дар кино ҳам ӯро ба навор гирифтаанд.
Қаландарова рақсҳои тоҷикии «Духтари хандон», «Шодиёна», «Баёти панҷ», «Гули бахт», «Духтари кӯҳсор», «Мор», рақсҳои афғонии «Бобоқирон», ҷопонии «Сахура», «Баҳор», туркии «Муҳаббати ман», русии «Коробейники», ҳиндии «Олиҳа», испании «Фламенко», хоразмии «Лазгӣ», арабии «Орзу» ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Ҳаракатҳояш мавзун, мутаносиб ва дилрабо буда, ҷузъиёти рақсаш бо услуби хос иҷро мешавад. Қаландарова либосҳои шинаму пурҷилоро (бештари либосҳояшро худаш медӯхт) истифода бурда, рақсҳояшро боз ҳам мақбултару дилчасптар мегардонид. Ҳар як номераи рақсиашро бо шавқу ҳаваси адонашаванда иҷро намуда, онҳоро бо маҳорату эҳсоси баланд ифода мекард. Ҳангоми иҷрои рақсҳои халқҳои гуногун дар ифодаи хислат, хусусият, мувофиқати либос, мусиқӣ ва зарбу усул эътибори ҷиддӣ медод. Беҳтарин рақсҳои Қаландарова қисми достон, банду баст, ҷараёни инкишоф ва нуқтаи кулминатсионӣ доштанд. Дар санъати Қаландарова суруру шодӣ, зиндадилӣ ва ҳисси некбинӣ ифода меёфт. Ба хориҷа, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Белгия, Юнон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1984), Лауреати Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Берлин (1943). Бо диплом ва медали тиллои фестивал мукофотонида шудааст.
Аз соли 1993 дар Ню-Йорк Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқомат мекунад. Малика Қаландарова дар инҷо мактаби "Malika's International Dance School", кушодааст ва духтаронро рақсҳои тоҷикӣ ёд медиҳад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика