Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Саволу ҷавоб

Cаволҳои худро ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед 

 

Тибқи талаботи банди 7.7-и номгӯи носозиҳо ва шартҳое, ки истифобдабарии воситаи нақлиётро манъ менамояд (қисми Қоидаи ҳаракат дар роҳ), вуҷуд надоштани сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак мебошад. Аз ин хотир корманди БДА дар асоси талаботи банди номбурдаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 тасдиқ шудааст, вазифадор мебошад, ки зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳатман аз мавҷудияти сандуқчаи тиббӣ ва маводҳои дорувории дохили он, ки барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ зарарият доранд, аҳамият диҳад. Ҳамчунин номгӯи маводҳои дорувории ёрии аввалини тиббӣ низ дар ҳамин сандуқчаи тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Ман Ашурзода Бахтиёр соли 2013 воситаи нақлиётамро аз шаҳрванд Р харидори намудам бо Бовариномаи ҳуқуқи таъмин мебошам. Аз бай қариб се сол сипари гардидааст. Ман меҳхоҳам воситаи нақлиётамро пурра бо номи худам ҳуҷҷатгузори намоям ва рақами қайди давлатиамро дигар кунам, ҳангоми ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили муроҷита намудам ба ман ҷавоб доданд, ки воситаи нақлиёти Шумо аз шаҳри бехатар 39 қонунвайронкуни дорад. Аммо тамои қонунвайронкуниҳои содиршуда то харидори намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ман рух додааст. Савол: Ман дар кадом асос бояд бар ҷойи дигар шахси қонунвайронкунанда маблағи онро пардохт намоям. Ҳоло он, ки тибқи талаботи Моддаи 33. қисми 2 сархати 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мазкур кумаки амалии худро расонед.

Мутобиқи қисми 3 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт (“Шаҳри бехатар”) сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристода мешавад. Дар ҳолате, ки Шумо ваколатнома доред соҳиби воситаи нақлиёт ҳисобида мешавед. Шуморо лозим меояд, ки барои пардохт намудани ҷарима оид ба қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи Шумо содир нашудааст, ба соҳиби воситаи нақлиёт муроҷиат намоед. Ҳангоми саркашӣ намудани соҳиби воситаи нақлиёт аз пардохт намудани ҷаримаҳо оид ба қоидавайронкуниҳои содирнамудааш, Шумо метавонед тариқи ариза ба суд муроҷиат намоед. Ҷаримаи маъмурӣ нисбати шахси содирнамудаи қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ татбиқ карда мешавад.
Тибқи сархати панҷуми кисми 2 моддаи 33 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, ба шарте, ки дар давоми 6-моҳ аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул нашуда бошад. Барои маълумоти пурра гирифтан метавонед ба шӯъбачаи амалияи маъмурии МАИН ва ТҶ Раёсати БДА утоқи №7 бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва ваколатнома муроҷиат намоед.

Ҳангоме, ки нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода мешавад, ба ивази шаҳодатномаи ронандагиаш иҷозатномаи муваққатӣ, ки бо талони қайди қоидавайронкунӣ 30 шабонарӯз эътибор дорад, дода мешавад.
Дар сурати сари вақт ба ҷойи истиқомати ронанда ворид нашудани ин ҳуҷҷат аз тарафи шахсони масъули БДА-и маҳали зисти ӯ мӯҳлати эътиборнокии ҳуқуқи ронандагӣ дар талони қайди қоидавайронкунӣ то 2 моҳи дигар дароз карда мешавад.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки силохи овозй яке аз намудхои силох,и ишоракунанда ба хисоб рафта, тибки талаботи моддаи 18 Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи силох» аз 19 марти соли 2013, №939, шахрвандони Ч,умхурии Точикистон, ки ба синни бистуяксолагй расидаанд, баъд аз пешниход намудани хамаи хуччатхои лозим а ба макомоти корхои дохилии махалли истикомат ва супоридани санчиш оид ба донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох, онхо хукуки гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба силохи ишоракунандаро пайдо мекунанд.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобили зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳуқуқ доранд бағоҷи воситаи нақлиётро бо мақсади муайян кардани мавҷудияти таҷҳизотҳои зарурӣ (сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак) аз назар гузаронанд.

Барои барқарор намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар сурати гум шудани он, шаҳодатномаи нав бо сабти «Нусхаи дуюм» аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти доимии шаҳрванд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ дода мешавад.

Тибқи талаботи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.

Банди-51, зербанди б-и «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва хурди рохбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хизмати ҳарбӣ 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзӣ) ҳангоми озодкунӣ ба истеъфо ё эҳтиётӣ бо фармони сардороне, ки озодкуниро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани чиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни макомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Ба шахсоне, ки бо либоси низомӣ гаштан иҷозат дода шудааст, метавонанд дар ҳамаи мавридҳо либоси низомиро ба бар намоянд.

Мувофиқи талаботи Стандарти ГОСТи 5727-88 агар нургузаронии шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиёти Шумо на камтар аз 75 фоизро ташкил намояд, Шумо метавонед бидуни иҷозатнома воситаи нақлиётро истифода намоед. Тибқи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаи пеши сиёҳкардашуда ё дигар ранг, манъ мебошад.

На основании требований Инструкции «О порядке представления гражданам справок о наличии (отсутствии) у них судимости» Информационные центры УМВД в областях уполномочены предоставлять гражданам справки о наличии (отсутствии) у них судимости. В исключительных случаях и при возникшей необходимости Главным информационно-аналитическим центром МВД Республики Таджикистан на основании Вашего письменного обращения в адрес начальника ГИАЦ МВД Республики Таджикистан с приложением справки выданной из Информационного центра УМВД в Согдийской области, будет выдана справка о наличии (отсутствии) судимости (при невозможности личного присутствия заявителя, с заявлением по вопросу представления справки о наличии (отсутствии) судимости у гражданина, может обратится уполномоченное им лицо).


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ

    2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 01:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    04.12.2023 14:01
  • Содир шудани қаллобиҳо бо истифода аз боварии шаҳрвандон

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 53-солаи сокини шаҳри ....

    04.12.2023 13:59
  • Ифшо шудани дуздии чорвои майдаи шохдор

    Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза зани 61-солаи сокини ....

    04.12.2023 13:53
  • Расонидани зарари ҷисмонӣ ба бародар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    04.12.2023 13:50
  • Ҳалокати ҷавони 22-сола бар асари садамаи нақлиётӣ

    1-уми декабри соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    04.12.2023 13:48
  • Бо роҳи қаллобӣ гирифтани 80 ҳазор доллари амрикоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 35-солаи сокини ноҳияи ....

    04.12.2023 13:43
  • Саҳмгузории собиқадорон дар тарбияи корманд- ҷавонони милитсияи пойтахт

    Собиқадорони мақомоти милитсия мактаби бузургу мукаммали шуҷоату мардонагӣ, далериву ҷасурӣ ....

    01.12.2023 17:05
  • Нисбати волидайни ронандаи ноболиғ чора андешида шуд

    30-юми ноябри соли 2023, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» наворе нашр ....

    01.12.2023 12:26
  • Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани автомашинаи барқии тамғаи «Марвел»

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи ....

    01.12.2023 12:01
  • Лату кӯби ҷавони 23-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    01.12.2023 11:59
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмун барои дарёфти бурсияи таълимии Аморати Муттаҳидаи Араб

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни дарёфти бурсияи таълимӣ дар ....

    13.09.2023 18:07
  • Эълон! Дар ВКД Нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

    11-уми августи соли 2023, соати 11:00, дар толори Вазорати корҳои ....

    10.08.2023 11:16
  • Эълон оиди бақайдгирии мотосиклҳо

    Ба таваҷҷӯҳи соҳибони ҳама гуна воситаҳои навъи мотосиклҳо (дучархаю сечархаҳо) ....

    01.08.2023 19:13
  • 

      Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    Qonun4

    © 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика