Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёдгузори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ

495

Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат аст, зеро бисту ҳашт сол инҷониб моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлату Ҳукумати Тоҷикистонро таблиғу ташвиқи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадафи асосии он худшиносу худогоҳ, ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар аст.
Ҳувияти сиёсӣ – ватандорӣ ин ифтихор аз давлати миллии муосир бо ҳама хосияту рамзҳояш, ифтихор аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори давлати миллии тоҷикон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармард мо имкони шакл додани ҳувият ва тафаккури тоҷикиро пайдо намудем. Ба ин самт, ҳамчунин ифтихор аз Истиқлоли кишвар, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, сулҳу оромиш омодагӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ дохил мешаванд.
Чунон ки маълум аст, қавму миллатҳои рӯйи замин бо нажодҳои гуногун мутааллиқ ҳастанд ва аз асли нажодии хеш ифтихор мекунанд. Миллати сарбаланди мо ба нажоди ориёӣ мутааллиқ буда, ҳар як фарди худогоҳи тоҷик асли ориёии худро бояд бишносад ва аз он ифтихор намояд. Маҳз бо ҳамин хотир, соли 2006 бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардида буд, ба шакл гирифтани худшиносии ориёии тоҷикон такони ҷиддӣ дод. Инчунин ҳувияти таърихӣ, шинохти таърихи пурпечутоби миллату давлати тоҷикро аз замонҳои қадим то давраи ҳозира дар бар мегирад. Хотираи таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, омӯзиши амиқи таърихи миллат, ифтихор аз шахсиятҳои мондагори он, мисли Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва дигарон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ буда, дар маҷмӯъ баёнгари ифтихор аз таърихи давлатдории миллӣ мебошад.
Санаи 18-уми март дар «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.
Таъкид доштанд, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми зиёиёнро дар омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо, аз ҷумла Наврӯз назаррас арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки онҳо дар заминаи сарчашмаҳои бостониву таърихӣ рисолаву таҳқиқоти арзишманд ба чоп расонидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳи баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар кишварамон то ҳанӯз вуҷуд доранд, изҳори назар намуда баён доштанд, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намуда андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот мушаххас сохтанд ва роҳбарону масъулон ва мутахассисони ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, ба омӯзиши масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, таърихи пурифтихору тӯлонии халқи тоҷик, таърихи адабиёт ва забони тоҷикӣ ҷиддӣ машғул шаванд.
Дар навбати худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба талошҳову ташаббусҳо ва ғамхории ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба аҳли зиё суханронӣ карда, дар мулоқоти имрӯза барои пешрафти кори олимону зиёиёни ҷумҳурӣ имтиёзҳову ҳавасмандиҳои навро пешниҳод намуданд.
Яъне мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.
Дар партави нишондодҳои Сарвари давлат, ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия карда, барои ҷалби онҳо ба корҳои муҳими илмиву техникӣ мусоидат намоем. Барои дар сатҳи дурусту матлуб ба роҳ мондани ҷанбаи таълимиву тарбиявӣ, саҳми муносиб гузоштан ба пешрафти илму маориф, баланд бардоштани сифати фанҳои тахассусӣ, дарёфти роҳу усулҳои беҳтари тадрис кӯшиш ба харҷ диҳем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва дар хонадонашон фазои орому осуда ва файзу баракат орзу намуданд.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., майори милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика