Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Данғара

234

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти эктремистӣ ва террористидошта, рӯзи 6-уми июни соли 2019 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои гуногун, аз ҷумла оид ба футболи хурд, волейбол, шашкаву шоҳмот ва варзиши сабук таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ-касбии вилояти Хатлон оғоз гардид.

235236237238239

Дар маросими оғози мусобиқаҳои варзишӣ иштирокчиёни мусобиқа, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Данғара, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ба ҳам овардани ҷавонон, алалхусус донишҷӯён робитаи дӯстиву рафоқатро дар байни онҳо бештар намуда, ба якдилии комил ва ҳамдигарфаҳмӣ оварда мерасонад.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода А.А. зимни суханронӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ иштирокчиёни мусобиқаро табрик гуфта, зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби ҳаёти солим миёни ҷавонон ва наврасон мебошад. Дар анҷоми суханронӣ мавсуф ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуда, афзуд, ки варзиш дӯстию ҳамдилиро миёни ҷавонон афзун менамояд.

240

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони дигар вазорату идораҳо суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа муваффақиятҳо орзу намуданд.
Барои ҳамкорӣ ва робитаи наздик бо мақомоти милитсия аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот ва намояндагони Ҳизби халқӣ-демокаратии Тоҷикистон Ифтихорномаҳои фахрӣ супорида шуд.
Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика