Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо дастаҳои миллӣ оид ба шиноварӣ

319

 

Санаи 9 июли соли 2019, пеш аз сафар барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ вохӯрии Раиси федератсияи миллии шиноварӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзоёни гурӯҳҳои миллии ҷавонон ва наврасон оид ба шиноварӣ баргузор гардид.

Гурӯҳи асосии кишвар зери роҳбарии тренери ботаҷриба Чингизов Алишер дар ҳайати: Ишанова Олима, Бордачева Екатерина, Тюрина Анастасия, Хайруллоев Алиҷон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ аз 18 то 29 июл баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.
Гурӯҳи миллии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии дигар тренери ботаҷриба Умаров Аҳмад, дар ҳайати: Нурангез Нурматова, Ардашер Гадоев ва Садами Рамзиёр дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар байни ҷавонон дар шаҳри Бухарест, аз 18 то 25 августи соли 2019 иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати гарм ва самимӣ Вазири корҳои дохилӣ варзишгаронро барои иштироки арзанда дар ин мусобиқаҳои байналмиллалӣ даъват намуд.
Ба онҳо муваффақият, ҳавасмандии самимии варзишӣ, қуллаҳои баланд ва пирӯзиҳоро таманно кард!


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика