Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медали биринҷии Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати ҷаҳон

330

Гуштингири навраси тоҷик, аъзои дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини юнону румӣ байни наврасон, ки дар дар пойтахти Булғористон - шаҳри София доир гардид, ширкат варзида, дар вазни 55 кило мақоми сеюмро соҳиб гардид.
Чи тавре, ки ба мо яке аз мураббиёни Фирӯз – Субҳон Абдукаримов иттилоъ дод, Фирӯз Мирзораҷабов дар ду давр ҳарифонашро мағлуб сохта, дар даври 1/8 финалӣ аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хӯрд, вале барои ишғоли мақоми сеюм муборизаро идома дод.
Ҳамин тариқ, дар ин вазн, варзишгарони кишварҳои Озарбойҷон ҷойи аввал, Ҳиндустон зинаи дуюм ва намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон мақомҳои сеюмро соҳиб гардиданд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки дар ин чемпионати ҷаҳонӣ миёни наврасон, варзишгари дигари тоҷик Шероз Очилов дар вазни 65 кило барандаи медали нуқра гардидааст.
Дар намуди гуштини юнону-румии Чемпионати мазкур, ки аз 29 июл то 4 августи соли 2019 идома дошт, намояндагони 67 кишвари дунё ширкат доштанд.

331332

Варзишгарони бомуваффақро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, намояндагони идораҳои варзишии кишвар, васоити ахбори омма, хешу табор ва дӯстону варзишгарони ҳампеша бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика