Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

446

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Субҳи рӯзи 4-уми сентябр бо иштироки ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат мусобиқаи варзишии «Дав» миёни мардон дар масофаи 5,5 километр доир гашт. Ҳарчанд зимни машғулиятҳои варзишӣ ин намуди варзиш ҳафтае як маротиба доир шуда, кормандон меъёри тайёрии ҷисмонӣ супоранд ҳам, аз ҷиҳате ки дави имрӯза мусобиқа буд, бояд беҳтаринҳо муайян мешуданд.
Садои ҳуштаки довар ба рафти муобиқа оғоз бахшид. Ҷараёни дав аз ҷониби кормандони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайти шахсии Раёсат ва масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд назорат ва бо гузаштани зиёда аз 18 дақиқа ғолибони се зинаи ифтихорӣ муайян шуданд.
Ҳамин тавр дар муҳлати 18 дақиқаю 10 сония сержанти калони милитсия Ҳусейнов Раҳматҷон Равшанович нозир оид ба реҷаи қабулгоҳ - таҳвилгоҳ барои ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, дар муҳлати 18 дақиқаю 45 сония капитани милитсия Ёров Ҳобил Азизқулович эксперт-криминалисти ШТК ва дар муҳлати 20 дақиқаю 02 сония сержанти милитсия Ҳомидов Дилшод Ғуфронович милитсионер-навбатдори қабулгоҳ - таҳвилгоҳ барои ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон масофаи 5,5 километрро тай намуда, ба марра расиданд.

447448

Ғолибони мусобиқа дар рафти чорабинии тантанавии идона ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Раёсат ҷашн гирифта мешавад аз тарафи роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Акбар Шарифӣ, капитани милитсия




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • Ошкор шудани ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    25.02.2020 10:06
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияиҳои Деваштич ва Ёвон

    Рӯзи 24-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    25.02.2020 10:04
  • Суғд: Семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои таъмини амният

    Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақша чорабиниҳои Шуъбаи ....

    24.02.2020 16:53
  • Баррасии муроҷиати шаҳрванд боиси ба ҷазои маъмурӣ ҷалб кардани ....

    14 феврали соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ собиқ хабарнигори ҳафтаномаи ....

    24.02.2020 15:51
  • Милитсияи пойтахт Рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

    Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    24.02.2020 15:08
  • Паёми Пешво – роҳнамои манфиатҳои миллӣ

    Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ....

    24.02.2020 11:01
  • Ватан-Модар азизу арҷманданд

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ....

    24.02.2020 10:20
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза зани 39-солаи сокини ....

    24.02.2020 10:02
  • Пахш намудани дучархарон аз ҷониби ронандаи автомашинаи "Опел"

    Рӯзи 23-юми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 08:00, ронандаи автомашинаи ....

    24.02.2020 10:01
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика