Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Мусобиқаи тенис байни милитсионерзанҳо

449

Рӯзи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори варзишии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Тениси рӯи миз» байни корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гашт. Дар маросими кушодашавии мусобиқа роҳбарияти Раёсати мазкур ба иштирокчиёни мусобиқа нишондиҳандаҳои хуби варзишӣ таманно намуда, мақсади чорабинии варзиширо пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба муҳимтарин дастоварди давлатдорӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби занони мақомот ба ин намуди варзиш унвон карданд.
Тениси рӯи миз бо иштироки 20 нафар корманд-занони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ки таҷрибаи бозӣ дар ин намуди варзиш доштанд, ҷараён гирифт. Мусобиқа аз рӯи намуди олимпӣ таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи тениси вилояти Суғд сурат гирифта ҳар нафари аз ҳарифи худ шикастхӯрда аз идома додани бозӣ маҳрум мегардид.
Ҳамин тавр бо нишон додани маҳорати хуби тенисбозӣ капитани милитсия Мутриба Раҳмонова - корманди шуъбаи молияи иқтисодӣ ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷойи аввал гашт. Мақоми дуюмро подполковники милитсия Моҳрӯ Воҳидова - нозири калони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва ҷойи сеюмро майори милитсия Мақсадой Қодирзода - нозири калони шуъбаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва лавозимоти низомии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ишғол намуданд.

450451

Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ иттилоъ доданд, ғолибони мусобиқа дар рафти чорабинии тантанавии идона ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар РВКД вилояти Суғд ҷашн гирифта мешавад, бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Акбар Шарифӣ, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика