Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ширкати фаъолонаи намояндагони ВКД дар мусобиқаи шоҳмот

456

Моҳи августи соли 2019 марҳилаи дуюми мусобиқаи «шоҳмот» барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар сатҳи ноҳиявӣ доир гардид, ки намояндагони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт ва аз дастаи РВКД дар шаҳри Душанбе бошад, дар ноҳияи Шоҳмансур ширкат варзиданд.
Нахуст, рӯзи 28 августи соли 2019 дар Боғи ба номи устод С.Айнӣ мусобиқаи шоҳмот аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи И.Сомонӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он беш аз 100 нафар кормандони касбу кори гуногун аз кумитаю идораҳои мухталифи дар ҳудуди ноҳия ҷойгирбуда иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз 6 нафар намояндагони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар мусобиқаи мазкур фаъолона ширкат варзиданд, 3 нафарашон мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дар байни наврасон аъзоёни дастаи «Динамо» Ҷалолидин Илҳомӣ миёни наврасон, Абророва Сабрина миёни наврасдухтарон ҷойҳои аввал ва дар синну соли аз 30-сола боло миёни бонувон Бухоризода Адолат корманди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД мақоми дуюмро ишғол намуданд.
Мусобиқаи ноҳияи Шоҳмансур бошад, рӯзи 31 августи соли ҷорӣ дар толори барҳавои Мактаби таҳсилоти миёни умумии №31 баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи РВКД дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, се мақоми аввалро ба даст оварданд. Миёни наврасон Садриддини Х., байни духтарчаҳо Хисравзода Н. ва байни бонувони синну соли аз 30 боло Шамсиддинзода С. ғолиб омаданд. Намояндаи дигари мақомоти корҳои дохилӣ Маҳмудзода Мирзо аз ноҳияи Фирдавсӣ низ ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифт.
Ҳамин тариқ, ғолибони марҳилаи дуюм ба даври минбаъдаи мусобиқа роҳ ёфта, дар сатҳи шаҳрӣ аз номи ноҳияҳои зикргардида баромад хоҳанд намуд. Санаи 7-уми сентябри соли 2019 аз ҷониби ҳокимияти иҷрояи давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансур ғолибони ин марҳила бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бешак, шоҳмот дар тамоми ҷаҳон ҳаводорони бешумор дорад. Мардуми синну сол, касбу кор, урфу одат ва фарҳанги гуногун вақти фароғати худро дар гирди тахтаи шоҳмот сарф мекунанд. Бозии шоҳмот ҳамчун бахши муҳими варзиш, дар ҷаҳони мураккабу пурихтилофи мо таҳкимбахши риштаҳои дӯстию рафоқат, пайвандкунандаи халқу миллатҳо мебошад. Шоҳмот қонуну қоидаҳои худро дошта, олами дигари ҷолибу рангинро пеши назари бозингари он меорад. Бозии мазкур ба қавигардии хотираи инсон мусоидат менамояд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

    Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати ....

    25.02.2020 17:10
  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • Ошкор шудани ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    25.02.2020 10:06
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияиҳои Деваштич ва Ёвон

    Рӯзи 24-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    25.02.2020 10:04
  • Суғд: Семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои таъмини амният

    Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақша чорабиниҳои Шуъбаи ....

    24.02.2020 16:53
  • Баррасии муроҷиати шаҳрванд боиси ба ҷазои маъмурӣ ҷалб кардани ....

    14 феврали соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ собиқ хабарнигори ҳафтаномаи ....

    24.02.2020 15:51
  • Милитсияи пойтахт Рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

    Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    24.02.2020 15:08
  • Паёми Пешво – роҳнамои манфиатҳои миллӣ

    Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ....

    24.02.2020 11:01
  • Ватан-Модар азизу арҷманданд

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ....

    24.02.2020 10:20
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза зани 39-солаи сокини ....

    24.02.2020 10:02
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика