Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми дуюми шоҳмотбози аъзои «Динамо» дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ

455

Варзишгари навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ҷоизадори чемпионати Осиё дар соли 2018, ғолиби бозиҳои ҷаҳонии соли 2019 Сабрина Абророва 7 сентябри соли 2019 дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот, ки дар пойтахти Ҳиндустон - шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат намуда, миёни духтарони 14-сола дар шоҳмоти намуди зудбозӣ (рапид) сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 336 шоҳмотбоз аз 10 кишвари Осиё ширкат варзида, варзишгарони синни аз 6 то 20-сола бо ҳам қувваи зеҳнии худро санҷиданд.
Қобили зикр аст, ки дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ба варзиши «шоҳмот» диққати хоса зоҳир гардида, сол аз сол он рушд меёбад, дар заминаи он дастпарварони наврасу ҷавони умедбахш ба майдони варзиш мебароянд.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика