Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои наврасон дар мусобиқаи гуштини сатҳи байналмилалӣ

457

Гуштингирони навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқа оид ба гуштини юнону румии сатҳи байналмилалие, ки дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд доир гардид, ширкат варзида, якчанд мақоми фахриро ба даст оварданд.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-8-уми сентябри соли 2019 бахшида ба хотири гуштингири номвар Аҳмадҷон Исоев байни наврасони солҳои 2004-2006 баргузор гашта, дар он беш аз 180 варзишгар аз ҷумҳуриҳои ҳамсоякишвари Ӯзбекистон, Қирғизистон ва мактабҳои варзишии минтақаҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.
Динамочиён: Самандари Зафарзод дар вазни 52 кило, Муҳаммад Яҳёев дар вазни 57 кило, Шукрулло Назаров дар вазни 62 кило мақомҳои аввал, Маҳдӣ Баротов дар вазни 32 кило, Некрӯз Норов дар вазни 48 кило зинаи дуввум, Фаррухи Хуршед дар вазни 41 кило ва Саидҷаъфар Ёрзода дар вазни 75 кило сазовори ҷойҳои сеюми мусобиқа гаштанд.

458

Аз натиҷаи мусобиқа, ба ғолибон дар фазои тантанавӣ медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии омоданамудаи ташкилкунандагони чорабинӣ супорида шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика