Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи волейбол бахшида ба иди касбии кормандони милитсия

489

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» аз 17-ум то 28-уми октябри соли 2019, мусобиқаи волейбол байни ҷузъу томҳои Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он 15 даста ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳбубияти зиёд дорад, дастаи ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 дастаи волейболбозони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро мағлуб сохта, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҷойи дуюм бошад, насиби дастаи ДТММ гардид. Барои ҷойи сеюм дастаҳои ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо дастаи Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб бо ҳам рақобат намуда, варзишгарони ШВКД ноҳияи Ховалинг низ бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд.

490491492

Ба дастаҳои ғолиб дар маросими тантанавӣ Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони чорабинӣ тақдим карда шуданд.
Мусобиқаи волейбол хеле ҷолибу шавқовар ва бо лаҳзаҳои хотирмон анҷом пазируфт.
Х.Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика