Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис гардид

553

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 23-26-уми ноябри соли 2019 дар муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, дастаи теннисбозони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа гардиданд.
Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар он 15 дастаи вазорату идораҳои гуногуни кишвар дар ҳайати 4-нафарӣ, мард ва зан иштирок доштанд.
Аз миёни дастаи Вазорати корҳои дохилӣ варзишгарон полковники милитсия Худойназар Асоев, подполковники милитсия Ҷобир Қурбонов, подполковники милитсия Зебонисо Исматшозода, капитани милитсия Мавҷуда Хусравзода, лейтенанти калони милитсия Искандар Назарализода ва сержанти милитсия Дилором Бекова нисбатан фаъол буданд. Онҳо дар сабқатҳои инфиродӣ, ду нафарӣ ва дигар намуди бозиҳои тенниси рӯи миз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ғолибияти дастаи Вазорати корҳои дохилиро таъмин намуданд.

554555

Дар омодасозӣ ва ғолибияти варзишгарон ҳамчунин саҳми мураббиёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» майори милитсия Тоҷиддин Мираков ва лейтенанти калони милитсия Сафаралӣ Маҳмадизода босазо аст.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика