Насимзода Акбар Ғиёс - генерал-майори милитсия, "Аълочии ВКД", «Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1-уми апрели соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 19-уми августи соли 1986.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Нозири хадамоти роҳбонии ШБДА РКД шаҳри Душанбе, нозири калони хадамоти роҳбонии ШБДА ШКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори ШБДА ШКД ноҳияи Ҷайҳун, бозраси калони давлатии автомобилии ШБДА ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори ШБДА ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори шуъбачаи хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, муовини командири ротаи хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомоболии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Насимзода Акбар Ғиёс аз 17-уми августи соли 2022 ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст, аз ҷумла бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Милитсияи Тоҷикистон» ва ғайра қадрдонӣ гардидааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>