Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Sainaqsh1Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким – генерал-майори милитсия, 5 январи соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 28 августи соли 1997. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла:
Аз 1997 то 2001 сармуҳандиси КВТС Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 2001 то 2008 сардори шуъбаи сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 2008 то 2020 сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким санаи 15 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии зерин сарфароз гардидааст:
- бо ордени «Спитамен»;
- бо Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи I;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи II;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи III;
- бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД»;
- бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садоқат».
Рӯзи 25 августи соли 2021 Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким барои дастовардҳои назарраси хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ватандӯстию фидокорӣ, хизмати содиқонаю софдилона ва меҳнати пурсамар дар рушду ободии мақомоти корҳои дохилӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи олии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардонида шуд.


 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика