Бо қарори Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30 январи соли 1995
таҳти рақами 167 тасдиқ шудааст.
С А В Г А Н Д И
ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда, САВГАНД ёд намуда, бо тантана қасам мехурам, ки то охир ба халқи худ, Ватан ва коре, ки пеша кардаам содиқ бошам, ҳамеша корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, мардонавор ва боинтизом бошам, дар хидмат намунаи ибрат буда, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, сирри давлатӣ ва хидматиро пинҳон дорам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми вазифаҳои ба души ман вогузошта талаботҳои оинномаҳо ва фармонҳоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, қуввату тавоноии худ ва ҳатто дар мавриди зарурӣ ҳаёти худро оиди муҳофизати сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тартиботи ҳуқуқи тамоми намудҳои моликият, шахсият аз ҳуқуқи шаҳрвандон дареғ надорам.
Агар ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар чаҳорчӯбаи Қонунҳои ҷумҳурӣ қотеъона ҷазо бинам.
«____»_________с.20
_____________________________
(ном, номи падар, насаб)
_____________________________
(имзои шахсе, ки савганд ёд кардааст)
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>